Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат ба коррупсия ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 2, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз омилҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ташаккули шууру фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони соҳаи бонкӣ мебошад, ки ба риоя ва дақиқ иҷро шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа мусоидат менамояд.  Ин нукта дар  конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавӣ – омили муҳими муқовимат ба коррупсия» доир гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамоиш бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода  доир ба таъмини иҷрои стратегияҳои муқовимат ба коррупсия маълумот дода, гуфт, ки дар даврони Истиқлол бо мақсади муқовимат ба коррупсия бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ин стратегияҳо чорабиниҳо доир менамояд. Аз ҷумла, дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Барнома оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шуда, ҳамасола нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия таҳия мегардад.

Дар доираи ин стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҷдид ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, автоматикунонии қабули ҳисобот аз субъектҳои хоҷагидорӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонӣ, автоматикунонии механизми пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, баланд бардоштани масъулияти кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ зимни додани қарзҳои бонкӣ ва дар ин замина такмил додани санадҳои меъёрии қарзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода  мешаванд.

Конфронс дар баробари мусоидат ба муқовимати дастҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуб, ҳамзамон ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти масъулин, маърифати ҳуқуқӣ ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин самт самараи хуб медиҳад.

Дар анҷом таъкид шуд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамчун шаҳрванд фаъолнокӣ нишон дода, дониш ва неруи худро ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бояд равона намоем. Зеро пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти нангин вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, кори дастҷамъӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Сентябрь 2, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид