Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и пойтахт даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки озмун имсол бо якчанд имконият амалӣ мегардад. Аз ҷумла, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз соли 2021 дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт то 23 сентябр идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






