Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола доир мегардад

Сентябрь 16, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар гурӯҳи «Е» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегиранд.

Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд