Дар Душанбе масоили ҷалби сармояи ширкати ҳиндустонии «WAPCOS Limited» ба соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор «WAPCOS Limited» Агравал Р дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо ҳамзамон татбиқи лоиҳаи КАСА-1000-ро дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






