Дар Хоруғ ғолибони даври шаҳрии Фестивал-озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври шаҳрии Фестивал-озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Нахуст меҳмонон бо намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуда, ба намунаҳои беҳтарини он баҳои баланд доданд.
Фестивал-озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр ва беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронида шуд.
Баъд аз санҷиши маҳорат ғолибони озмун муайян карда шуданд. Дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ диплому туҳфаҳо супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






