Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як зумра кормандон барои фаъолияти пурсамар қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузурге аст, ки дар интиҳои асри 20 насиби миллати мо гардид. Имрӯзҳо мардуми ҷумҳурӣ, хурду бузург, мақомоти давлатӣ, идораву муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва хулоса тамоми ҷомеаи тоҷикистонӣ ин ҷашни муқаддасро таҷлил менамоянд, аз гузашти 33 сол ёдовар мешаванд ва онро таҳлилу хулосабарорӣ менамоянд.
Истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ барои инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард.
Бо шарофат ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар саросари мамлакат таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам омад.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифи фарҳангу анъана ва асолати миллӣ аст, ки бо ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Дар ҳамоиш кормандони кумита дар мавзуъҳои гуногун баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҳар сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсӣ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ амалӣ мегардад.
Дар фарҷом як зумра кормандони дастгоҳи марказии кумита ва директорони коллеҷ ва литсейҳои касбии техникӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд






