Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагидорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар майдони 1750 гектар пунбадона кишт намуда, дар ноҳия аввалин шуда, ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Хоҷагидорони ҷамъият мақсад доранд, ки имсол низ ҳосили пахтаро беталаф ҷамъоварӣ карда, аз уҳдаи иҷрои нақшаи пахатсупорӣ сарбаландона бароянд.
Пахта ашёи пурқимати саноатӣ ба шумор рафта, барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида аҳамияти муҳим дорад. Ҳамин аст, ки барои зиёд намудани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хосса равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилоят дар 52 ҳазору 360 гектар чигит кишт гардидааст. Кишоварзон ният доранд, ки 134 530 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
АКС аз бойгонӣ








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






