Дар ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ятим 10 хонаи истиқоматӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ятим 10 хонаи истиқоматӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ва соли 2024 ба анҷом расиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёни хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Ҳамчунин дар деҳаи Ваҳдати ноҳия дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 синфхонаи иловагӣ ифтитоҳ гардид. Тибқи лоиҳа, иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона ва китобхона мебошад.
Инчунин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин деҳа бунгоҳи тиббии дорои 3 утоқи корӣ сохта, ба итифода дода шуд.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






