Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, то соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занон соҳиби маълумоти олӣ будаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ 256 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, ки ин аз дастгириҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон дарак медиҳад.
Дар ин давра 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғози соли 2024 шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4569 нафар ё 25,1 дарсадро ташкил дод. Аз ҷумла, тақрибан 1100 нафар ё 19 дарсади онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, 49,3 дарсади аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд.
Дар айни замон тақрибан 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, 47 фоизи кормандони фарҳанг, 39 фоизи кормандони бонк, 25 фоизи кормандони алоқа, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад ва зиёда аз 23 фоизи онҳоеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон ташкил медиҳанд.
Татбиқи сиёсати гендерӣ дар мамлакат бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила самаранок вусъат меёбад. Имрӯз зани тоҷик дар вазифаҳои баландтарин, аз ҷумла муовини Сарвазир, вазир ва дигар мансабҳои баландпоя фаъолият менамояд.
Ҷалби занон дар соҳаи хизмати давлатӣ низ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад






