Дастаи «Хатлон-2» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дастаи «Хатлон-2» бо мағлуб кардани дастаи НБО-и «Роғун» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва мукофотпулӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҳизб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқа 6 сентябр бо иштироки дастаҳои ғолиби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт, водии Ҳисор ва НБО-и «Роғун» оғоз ёфт.
Дар асоси низомнома 8 даста дар ду гурӯҳ – «А» ва «Б» байни ҳам рақобат карданд.
Дар гурӯҳи «А» дастаи НБО-и «Роғун» бо касби 7 имтиёз ва дастаи «Ҳисор» бо 6 имтиёз ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Хатлон-2» бо касби 9 имтиёз ва дастаи «Душанбе» бо 6 имтиёз аз гурӯҳ баромаданд.
Тибқи низомнома, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо зинаи аввалро соҳиб шуданд, барои ҷойҳои якуму дуюм ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо зинаи дуюмро ишғол намуданд, барои мақоми сеюм рақобат карданд.
Дар натиҷа дастаи «Хатлон-2» дастаи НБО-и «Роғун»-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода, соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуд.
Дастаи НБО-и «Роғун» бо касби зинаи дуюми мусобиқа медалҳои нуқраро ба даст оварда, бо 7500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.
Дастаҳои «Душанбе» ва «Ҳисор» барои касби зинаи сеюми «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ба майдон баромаданд. Вақти асосии ин дидор бо ҳисоби 2-2 ба поён расид. Дар натиҷаи силсилаи зарбаҳои ҷаримавӣ футболбозони дастаи «Душанбе» бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба гардан овехтанд ва соҳиби 5000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба ғолибон тақдим намуд.
Инчунин, дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба дастаҳои иштирокчӣ ва беҳтаринҳои мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба шахсони масъул, ки дар баргузории чорабинии мазкур саҳми назаррас доштанд, сипосномаҳо супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» аз соли 2020 инҷониб бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
АКС: Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии










Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






