ГӮШ ҲАРФИ РОҲБАР БОЯД КУНЕМ! Дар Душанбе шоми эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Меҳри Ватан» барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Муҳаммад Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ки бо ашъори мондагор ва баландмазмун дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Воқеан Муҳаммад Ғоиб аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватандӯсти тоҷик буда, муҳтавои меҳварии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, васфи сарзамини биҳиштосо ва муқаддасоти миллӣ ташкил медиҳад.
Муҳаммад Ғоиб яке аз қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо ашъори баландмазмунаш байни мардум маъруфият пайдо кардааст ва муаллифи зиёда аз 40 китоб, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин шуда, бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардидааст.
Мавзуи ашъори Муҳаммад Ғоиб тараннуми Ватан, истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, модар, инсон ва худшиносӣ, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо мебошад. Аз ҷумла, шеъри «Даъват»-и шоир, ки дар зер оварда мешавад, мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост.
ДАЪВАТ
Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,
Дуртар роҳи назар бояд кунем.
Дасти нанги худ сипар бояд кунем,
Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.
Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Бонги заҳмат гар расад ҳар дам ба гӯш,
Мешавад неши раҳи тақдир нӯш.
Дар диёри рӯдҳои пурхурӯш
Ҳар қадам бояд, ки бошад сабзпӯш.
Хоки мулки хеш зар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Бояд аз ҳар қуллаву кӯҳи баланд
Ибрат омӯзем, андӯзем панд.
Хоксоронанд гарчӣ дилписанд,
Сарбаландонанд ҳар ҷо арҷманд.
Боз тоҷи худ ба сар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Дигар аст имрӯз авзои ҷаҳон,
Мешавад пайдо балояш ногаҳон,
Дидаааш дом аст бар дилогаҳон,
Алҳазар аз ин раҳу аз ҳамраҳон.
Мо фақат бояд ба худ бовар кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Як замон машҳур дар дунё будем,
Байни навомӯзҳо доно будем.
Баҳри дармони ҳама Сино будем,
Соҳиби девону Мавлоно будем.
Хешро машҳуртар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Бояд аз абри ҳунар борон канем,
Аз танӯри умр бояд нон канем,
Роҳ сӯи қуллаи армон канем,
Баҳри русурхии миллат ҷон канем,
Хешро хуни ҷигар бояд кунем.
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Дар канори меҳри ӯ растем мо,
Меҳр бар обу гилаш бастем мо.
Гулшан аст, аз накҳаташ мастем мо,
То қиёмат бо Ватан ҳастем мо.
Талхии ҳастӣ шакар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






