ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГ ДАР ОСОРИ МАВЛОНО. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор гардид

Сентябрь 27, 2024 17:27

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Мавлоно таҳти унвони «Гиромидошти забону фарҳанг дар осори Мавлоно» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мутафаккири бузург ва орифи нобиғаи миллати тоҷик дар рушди забону адаби тоҷик саҳми мондагор дорад. Мавлоно бо осори пурмуҳтавою пурмазмуни худ- «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс» ё «Девони Кабир» ва чандин асарҳои дигараш дар дунё шинохта шудааст.

Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо чандин забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дастраси ҳаводорони илму адаб гаштааст ва ин аз мазмуни волои осори ин нобиғаи адаб дарак медиҳад.

Ба хотири ин абармарди бузург бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон гардид. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 800 – солагии Мавлоно конфронси байналмилалӣ бо  шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, ки ин бори дигар миллати қадимаву донишманд ва дорои шахсиятҳои илмиву адабӣ будани тоҷиконро исбот намуд.

Дар идомаи конфронс олимону файласуфон сухан намуда, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро чун «офтоби оламтоби илму адаб» васф намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2024 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид