Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар партави ин сиёсати созанда байни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои кадрсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои инсонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар навбати аввал гузошта шуданд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, аркони давлатдориро қавӣ, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ, барои рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори осудаю шоистаи аҳолии мамлакатамон беш аз пеш устуворона қадам мегузоранд.
Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии бунёд ва ташаккули хизмати давлатӣ дар мамлакат фароҳам оварда шуда, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва инфрасохтори омодасозии хизматчиёни давлатӣ таъсис ёфт.
Силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи василаҳои кадрии хизмати давлатӣ дар самти интихоби хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия, захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва ғайра қабул шуданд. Барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ талаботи тахассусӣ муқаррар ва барои хизматчиёни давлатӣ дастурамалҳои фаъолият таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар маҷмуъ, қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамшабеҳ гардонида шуда, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Ҳамзамон он ҳоло ҳам бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар марҳилаи рушд қарор дорад.
Хулоса кардан мумкин аст, ки таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошанд.
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмуъ, дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.
Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих, ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар давлат, пеш аз ҳама, кадрҳои соҳибмаърифату таҳсилдида, баландихтисосу қобилиятнок, ҷӯяндаю навовар ва содиқу поктинат зарур мебошанд.
Дар хизмати давлатии Тоҷикистон технологияҳои муосири иттилоотӣ, пешрафтҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд мунтазам мавриди корбарӣ қарор дода шаванд.
Дар робита ба ин масъалаи тарбияи кадрҳо аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маҷмуи чорабиниҳо барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷалби мутахассисон ба хизмати давлатӣ амалӣ гардид.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои шоиста бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, бо мақсади татбиқи василаҳои кадрӣ аз тамоми имконияти мавҷуда истифода менамояд.
Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи ҳар семоҳа дархост, коркард, ҷамъбаст ва чораҷӯӣ карда мешавад, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 384 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод дар мақомоти марказӣ 12 003 нафар, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3501 нафар ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2880 нафар фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4655 нафарро ташкил дода, аз 5912 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар занони роҳбар мебошанд.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8986 нафарро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 7612 нафар ҷавонони то 35-сола фаъолият мекунанд.
Фаъолият дар хизмати давлатӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, дар айни замон шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ асосан тариқи озмун қабул карда мешаванд.
Дар нимсолаи якуми имсол тибқи хулосаи комиссияҳои озмунӣ 1837 нафар барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд, ки 1256 нафар ҷавонони то 35 — сола ва 543 нафар занон мебошанд.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон бо якчанд мушкилот, аз қабили экстремизму терроризми байналмилалӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, дурӯғафканӣ ва дигар хатарҳои муосир рӯ ба рӯ гардидааст. Ҳамзамон дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рушди техникаву технологияи муосир ҳар шахси солимфикр, алалхусус хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки истиқлолу озодии ҷумҳуриро чун неъмати муқаддас ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагӣ гиромӣ дошта, барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ҳамеша омода бошанд. Вазифаи хизматчии давлатӣ ва ҳадафҳои хизмати давлатӣ дар шароити кунунӣ бар иловаи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ҳамчунин иҷрои ҳамин рисолат аст.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ,
директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад






