Хонандагони деҳаи Оби борик ва деҳаи Сори Панҷакент соли хонишро дар синфхонаҳои нав оғоз намуданд

Сентябрь 1, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 89-и деҳаи Оби борики шаҳри Панҷакент бинои иловагӣ бо 4 синфхона барои 200 хонанда дар ду баст ва рақами 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён бинои иловагӣ бо 6 синфхонаи иловагӣ барои 288 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуданд, ки имрӯз хонандагон дар ин синфхонаҳо соли нави таҳсилро оғоз намуданд. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, биноҳои иловагӣ ҳамчун филиали ин мактабҳо истифода шуда, дар он асосан хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд. Ба хонандагони таълимгоҳҳо компютерҳои замонавӣ, мизу курсӣ ва аёнияти таҳсил тақдим шуданд.

Биноҳои иловагӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо саҳми падару модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бунёд гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат 1 сентябри соли 2023 дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Имсол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «агар имсол 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошанд, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз 1000 мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем».

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 1, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад