«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Адлия Шоева бо мақсади санҷиши дониш дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 28 сентябр идома меёбад.
Имрӯз охирин довталабони озмун дар назди ҳакамон дониши таърихдонияшонро санҷиданд.
Адлия Шоева, магистранти курси 2-юми факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «давоми се моҳ мешавад ба озмун тайёрӣ мебинам ва бо мақсади санҷиши дониши таърихиям дар он иштирок намудам».
Ба иттилои ӯ, дар китобхонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудаанд, ки донишҷӯён бе ягон монеа онҳоро мутолиа намуда, ба озмунҳо тайёрӣ мебинанд.
Инчунин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллат дар шакли электронӣ дар истифодаи умум қарор доранд. Адлия дар ин макони илму адаб пайваста ба хондани асарҳои Пешвои миллат машғул мешавад.
Адлия дар озмун ба аксар саволҳои ҳакамон ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод намуда, боварӣ дорад, ки сазовори яке аз ҷойҳои намоён мегардад.
«Яке аз саволҳое, ки дар озмун ба ман пешниҳод гардид, ин «Сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд». Аз сабабе, ки аксари китобҳои Пешвои миллатро мутолиа карда будам, ба ин суоли ҳакамон пурра посух додам», — мегӯяд иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат».
«Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар якчанд асари Пешвои миллат ба таври муфассал баён гаштаанд. Аз мутолиаи он китобҳо ва бо такя ба нигоштаҳои Пешвои миллат ба ҳакамон посух додам, ки «ягон ҷанг барои ягон давлат оқибати хуб намеорад, баръакс боиси сӯхтани ҳазорон хона, ятим мондани кӯдакону наврасон ва бе фарзанд мондани ҳазорон модарон мегардад. Пешвои миллат яке сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандиро дар сатҳи пасти саводнокии аҳолии ҷумҳурӣ дар давраи то замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки давлатҳое буданд, ки мехостанд манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кунанд»,-иброз дошт Адлия Шоева.
«Чеҳраҳои мондагор», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Уфуқҳои истиқлол», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва «Ҷавонон дар остонаи фардо» китобҳое ҳастанд, ки Адлия Шоева онҳоро пурра мутолиа намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори қолаби нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид.
Ғолибони озмун 28 сентябр дар Китобхонаи миллӣ муайян карда мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






