«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Аз шаҳри Душанбе 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, дар он 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 84 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 6 нафар омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими мазкур 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 44 нафар ғолиби ҷойи дуюм бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ғолиби ҷойи якум бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон барои саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмун ба 38 нафар ҳайати ҳакамон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд.
Таъкид гардид, ки дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам барои босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуну чорабиниҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ татбиқ мешаванд.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе» аз 18 марти соли 2024 ба тасвиб расид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври дуюми озмун, ки нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид, 8124 нафар иштирок намуда, 492 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






