Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 5, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 5, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай ба беморони диабети қанд муфид аст
Марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ таъмин мешаванд
Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар ноҳияи Сино ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» муайян карда шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид
Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид