Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими маҷозии ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Сарони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, оғоз бахшида буданд.
Дар сухани шодбошии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар муҳлатҳои нисбатан кӯтоҳ пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмониро дар ин лоиҳаи дорои аҳаммияти иҷтимоӣ таъкид карда, ба роҳбарияти Туркманистони дӯст барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи босифати он самимона изҳори сипос намуданд.
“Ба туфайли ин рӯйдод барои насли навраси мо боз як имконияти хуб фароҳам гардид, ки дар мактаби нави муҷаҳҳаз бо технологияву таҷҳизоти муосири таълимӣ бо таҳсил фаро гирифта шавад”, — иброз доштанд муҳтарам Президенти Тоҷикистон.
Дар идомаи суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои “муносибатҳои шарикии стратегии амиқ”-и Тоҷикистон ва Туркманистон андешаронӣ карда, аз раванди таъмиқу тавсеаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардумони ду кишвар, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ёдовар шуданд.
Вобаста ба ин Сарвари давлат ҷойгоҳи муҳими ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму маорифро дар рӯзномаи робитаҳои ҷонибҳо ба таври махсус таъкид карданд. Дар робита ба ин татбиқи лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи ба номи шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махтумкулӣ Фироқиро, ки имсол бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, мисоли равшани ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи маориф ва боз як рамзи муносибатҳои дӯстиву созандаи мардумони ба ҳам бародар арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми суханронии худ Пешвои миллат ба Ҳукумати Туркманистон, бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд, сипоси самимии ҷониби Тоҷикистонро иброз доштанд.
Сипас, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карданд.
Президенти Туркманистон Президенти Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокдорони ин чорабиниро ба муносибати Рӯзи дониш ва руйдоди муҳим — ифтитоҳи мактаби нав, ки аз ҷониби бинокорони туркман бо ташаббуси Пешвои миллии мардуми туркман — Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимухамедов бунёд шудааст, гарму самимӣ шодбош гуфтанд.
Зимни суханронии худ Президенти Туркманистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ҷиҳати таъмиқи ҳамкории самарабахш ибрози сипос намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ва бародарии мардумони мо ба рушди робитаҳои ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






