ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. «Амонатбонк» дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи саводнокии молиявӣ гузаронид

Сентябрь 8, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали №56-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  Рӯзи саводнокии молиявӣ баргузор гардида, маҳсулоти бонкии «Амонатбонк» ба маъраз гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин бонк.

Ин чорабинии тарғибгари маърифати молиявӣ  дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва Рӯзи саводнокии молиявӣ баргузор гардида, зимни он маҳсулоти бонкии «Амонатбонк» ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш масъулини  «Амонатбонк» ба мизоҷон оид ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пардохти муносиби  хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл» ва ғайра маълумот доданд.

Мутахассисони «Амонатбонк» оид ба тарзу услуби истифодаи «Барномаи мобилии  «Амонат-мобайл» ва «Меъёри фоизи қарзҳо» сухан гуфта, ба иштирокдорон низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», маҳсулоти қарзӣ бо фоизҳои дастрас ва талабот барои гирифтани қарзро фаҳмониданд.

 АКС: «Амонатбонк»

Сентябрь 8, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст