ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар минтақаи Бохтар Рӯзи саводнокии молиявӣ доир шуд

Сентябрь 17, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои филиали №42-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/  Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Рӯзи саводнокии молиявӣ доир гардида, маҳсулоти бонкии «Амонатбонк» ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Рӯзи  саводнокии молиявӣ  дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ»  гузаронида шуд.

Дар доираи барнома намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ ташкил шуда, дар он масъулини «Амонатбонк» ба мизоҷон оид ба хизматрасонии бонкӣ,  алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пардохти мувофиқи  хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл» маълумот доданд.

Инчунин мутахассисони идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва департаменти қарздиҳии «Амонатбонк»  бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи «Барномаи мобилии «Амонат-мобайл» ва «Меъёри фоизи қарзҳо» сухан гуфта, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ,  «Барномаи мобилии «Амонат-мобайл», ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулоти қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талабот барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон байни иштирокдорони чорабинӣ саволу ҷавоб доир шуда, ба хотири ҳававсмандгардонии онҳо аз ҷониби масъулини «Амонатбонк» туҳфаю армуғонҳо тақдим шуданд.

Рӯзи саводнокии молиявӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ  мусоидат менамояд.

АКС: «Амонатбонк»

Сентябрь 17, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст