«Истиқлол тантанаи ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ аст». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангиву сиёсии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса зери унвони «Истиқлол тантанаи ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.
Ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода дар бораи моҳияти Истиқлол изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихие аст, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо бо шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро ба дасти хеш гирифт.
«Мо, мардуми тоҷик худро аз он хушбахт меҳисобем, ки тавассути саъю кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намудем. Самараи неки истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст»,- гуфт ректор.
Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии халқи сарбаланди мо мебошад, ки 33 сол инҷониб номаи тақдирашро бо дасти худ менависад.
Иброз шуд, ки дар радифи ободкориву созандагиҳое, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳо барои оянда пешбинӣ шудаанд, раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ нақшаҳои зиёде дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвият додани корҳои илмию таҳқиқотӣ, пайвастани илму истеҳсолот, ривоҷу равнақи корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ меандешад. Ҳамаи ин маҳз ба таъмини иқтисодиёти мамлакат бо кадрҳои соҳибкасб, муаррифии илми тоҷик дар ҷаҳон ва ободии мамлакат равона шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд






