Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» барандаи Шоҳҷоиза и Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Москва» баргузор гардид, дипломи озмун ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода супорида шуд.
Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.
Мавриди таъкид аст, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии «Санъати Китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва натиҷаи он имрӯз дар шаҳри Москва эълон гардид. Озмун аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба он ноширони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсули кори хешро пешниҳод намудаанд.
Китобҳои дигари ноширони тоҷик дар ин Озмуни байналмилалии китоб соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳо шудаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон









Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






