МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР КИТОБ АСТ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз оғоз мегардад, ки роҳбаладон меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос мекунанд. Ин матлабро муовини директор оид ба илм ва захираҳои иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода ба АМИТ «Ховар» баён намуд.
Бояд гуфт, ки 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз — 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.
Муҳаққиқи бузург Муҳаммади Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Муфидтарин ихтирои башар китоб аст». Зеро китоб– неъмати бебаҳо, неруи бузурги рушди зеҳнии инсонӣ, роҳбалади асру замон, шиносномаи миллат ва зинданигоҳдорандаи таърихи гузашта ва ояндаи насли башар аст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ҳангоми гузоштани хишти аввали оғози сохтмони Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «… Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст…».
Ба гуфти Сайфиддин Камолзода, «бузургтарин ганҷина, таърих ва хазинаи тиллоии ҳар миллату қавм ва давлат дар китобхонаи он маҳфуз аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми хизматрасонӣ ба хонандагон китобхонаи калонтарин дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар толорҳои хониши он зиёда аз 1800 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар айни замон шумораи умумии истифодабарандагон (аъзо) зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳар рўз тақрибан 1000-1200 хонанда ба китобхона муроҷиат мекунанд. Ин махзани дониш соли 1933 ташкил гардид ва соли 1993 ба Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мақоми Китобхонаи миллӣ дода шуд. Сипас бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ин бинои муосир ва тарҳи китобмонанд 20 марти соли 2012- дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Он 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ буда, намои марказии биноро 22 нимпайкараи намояндагони маъруфи илм ва адабиёти халқи тоҷик зинат медиҳанд».
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотиро таъмин менамояд. Муассисаҳо, ташкилот, корхонаҳо ва ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк метавонанд истифодабарандаи Китобхонаи миллӣ бошанд.
Дар солҳои фаъолият фонди Китобхонаи миллӣ беш аз 1,8 маротиба афзуда, ҳоло дорои зиёда аз 3,5 миллион асноди гуногун мебошад. Ҳамасола ба китобхона ба ҳисоби миёна 30-35 ҳазор китоб, маҷалла, рӯзнома, сабтҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, корҳои илмӣ ва монографияҳо, дастурҳои иттилоотии библиографӣ, роҳнамоҳо, энсиклопедияҳо ва маҷмуаҳои оморӣ ворид мегарданд. Китобхона дорои шабакаи локалӣ мебошад. Дар китобхона толори махсуси дастёбӣ ба манобеи электронӣ ва матнҳои пурраи захираи бойгонии рисолаҳо, маҷаллаҳо ва адабиёти таълимӣ фаъолият мекунад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ






