Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону варзишгарон доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш олимону адибон, кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, варзишгарон, ҷоизадорони Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки дар остонаи ин ҷашни бузург имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсию маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ ва оммавию варзишӣ баргузор мегарданд.
«Воқеан, барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, расидан ба ин дастоварди бузург- Истиқлолияти давлатӣ танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






