НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024. Доир ба он ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади рушди сайёҳии шаҳрӣ, муаррифии иқтидори табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар, ба хусус пойтахти он – шаҳри Душанбе, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, ташкли бозори сайёҳӣ, таҳкими ҳамкорӣ, дарёфти шарикони нав ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2024, №581 «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024» (Dushanbe International Tourism Exhibition-2024)» ба тасвиб расид.
Дар асоси қарори мазкур Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе бо ҷалби роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат тасдиқ карда шуд.
Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе 25-27 сентябри соли 2024 дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (EXPO) ба нақша гирифта шудааст ва дар доираи он Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






