Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминӣ дар Давос иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар шаҳри Давоси Швейтсария Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминӣ оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони беш аз 160 давлати ҷаҳон, аз ҷумла ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи конгресс сардори Саридораи геологияи тоҷик бо роҳбарон ва намояндагони якчанд ширкат барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории муштарак вобаста ба обҳои зеризаминӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир бобати муайян намудани хусусияти физикию химиявии обҳо вохӯрӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминӣ то 13 сентябр идома меёбад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






