Ғолибони озмуни «Беҳтарин субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» Намоиишгоҳи сайёҳии Душанбе 2024 бо намоиши имконият ва иқтидори сайёҳии мамлакат пешкаши иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконияти сайёҳии устувор» гардонида шуд. Он дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024, ки бо иштироки намояндагони 16 давлати дунё доир шуд, баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз дошт, мақсади баргузории ин намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобативу солимгардонии мамалакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ ва рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.
Иброз гардид, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Иштироки 110 ширкати сайёҳӣ дар аввалин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе 2024 ва 16 давлати ҷаҳон аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат дарак медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз озмуни «Беҳтарин субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.
Бояд гуфт, ки озмун дар номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» пешниҳод гардид.
Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ доир шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ» ҷойи якум ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бадахшон трэвел», ҷойи дуюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саёҳати Олӣ» ва ҷойи сеюм ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Интурист Тоҷикистон» дода шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин меҳмонхона» ҷойи якумро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бошидан», ҷойи дуюмро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез Силтонбахт» ва ҷойи сеюмро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёс» соҳиб шуданд.



Дар номинатсияи «Беҳтарин тарабхона» ҷойи якум ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушбахтӣ», ҷойи дуюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Форел» ва ҷойи сеюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ошхонаи шоми чашма» дода шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин роҳбалад» ҷойи якумро Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ҷойи дуюмро «Orient Adventure» ва ҷойи сеюмро Осорхонаи бостонии Тоҷикистон соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» ҷойи якум ба Рӯзномаи «Истиқлол»-и ноҳияи Темурмалик, ҷойи дуюм ба «Телевизиони Тоҷикистон» ва ҷойи сеюм ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон дода шуд.


Ғолибони ҷойи якуми озмун бо 6000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 4000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 2000 сомонӣ ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуданд, бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир баҳри болидаруҳии меҳмонон аз ҷониби ҳунармандони мамлакат барномаи бошукуҳи консертӣ пешниҳод гардид.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






