ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон баргузор мешавад

Сентябрь 3, 2024 17:47

 ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 16:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад