ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав ба ин мавсим тайёрӣ мебинанд
ШАҲРИНАВ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 628 ҳазору 475 сомонӣ маблағ гузаронид, ки ба 104,76 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Дар ин хусус сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав Баҳриддин Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд, ки то имрӯз барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 365 тонна ангишт ва 264 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Ҳамчунин 56 муассисаи таълимии ноҳия бо 7 буғхона, 749 бухорӣ, 23 генератори барқӣ ва 134 дастгоҳи гармидиҳии барқии коршоям таъмин гардидаанд.
Беморхонаҳои марказии ноҳияи Шаҳринав ва минтақавӣ, Маркази ташхиси санитарию гигиенӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ бо 87 гармкунаки барқӣ, 41 печкаи аловӣ ва 4 генератори барқии коршоям таъмин мебошанд. Системаҳои болерӣ дар шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ, таваллудхона, бемориҳои занона, сироятӣ, бахши ҷарроҳӣ ва дигар шуъбаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар беморхонаи марказӣ барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2024-2025 бо дастгирии маблағҳои буҷетӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған, орд, сабзӣ, биринҷ, шакар, меваи хушк ва дигар маҳсулот ба миқдори зарурӣ захира карда мешавад.
Дар Шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳринав вобаста ба омода гардидани соҳаи барқ ба давраи тирамоҳу зимистон нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, то имрӯз мутахассисони барқи ноҳия нақшаро пурра иҷро намудаанд. Дар айни замон кормандон ба буриши дарахтони зери симчӯбҳо машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






