ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Пешниҳоди таҳияи лоиҳаи он аз ҷониби Пешвои миллат омӯзгоронро руҳбаланд сохт

Сентябрь 2, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъулин дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин пешниҳоди Президенти мамлакат дар байни ҷомеа ҳамовозӣ пайдо намуда, дар ин хусус ба унвони АМИТ «Ховар» маводҳои зиёд ворид мегарданд. Мақолаи Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода яке аз онҳост, ки манзури хонандагон мегардад.

— Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Дуруст аст, ки агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбӣ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад. Чунин суханони руҳбаландкунанда дили ҳамаи мо, омӯзгоронро ба иҷрои рисолати касбӣ гармтар ва рағбати онҳоро дар роҳи таълиму тарбияи босифат ва рушд додани неруи зеҳнии миллат дучанд менамояд.

Натиҷаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат аз ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аст, ки бояд омӯзгор чеҳраи саршинос, машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ бошад ва маориф ҷодаи афзалиятноки ҳаёти ҷомеа шинохта шавад.

Ҳамзамон Пешвои миллат дар оғози суханронӣ бо қатъият таъкид доштанд, ки чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсил барои хонандагону донишҷӯёни мамлакат аҳаммияти басе муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Ба назари мо, таъкиди Сарвари давлат аз вазъи ноороми имрӯзаи ҷаҳони муосир сарманшаъ мегирад. Зеро бе сулҳу оромӣ ҳеҷ давлате ба пешрафт ноил шуда наметавонад.

Тавре зимни суханронӣ изҳор гардид, дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд. Дар ин раванд авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст. Дар ҳамин радиф Роҳбари давлат аз ҳамроҳ шудани хонандагон, донишҷӯён ва ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ изҳори таассуф намуда, ёдовар шуданд, ки дар ин самт бояд омӯзгорон нақши созанда дошта бошанд. Ба назари мо, таъкидҳои Президенти мамлакат пешорӯи ҳар омӯзгори бовиҷдону бедордил вазифа мегузорад, ки барои тарбияи хонандагону донишҷӯён ва ба роҳи рост роҳнамун намудани онҳо, инчунин фаҳмонидани моҳияти разилонаи кирдорҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайваста ҷаҳд варзанд.

Қисми муҳими суханронии Президенти мамлакат ба соҳаи маориф марбут буд. Таъкид карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1 июли имсол маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардидааст. Аз ин таъкиди Сарвари давлат метавон хулоса баровард, ки новобаста ба давра ба давра зиёд гардидани маоши кормандони соҳа ҳанӯз дастовардҳо қонеъкунанда нестанд. Ҳанӯз мутахассисони макотиби олии касбӣ бозори меҳнатро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин карда наметавонанд, хатмкардагони ин муассисаҳо дар бозори меҳнати хориҷи мамлакат мақом ёфта наметавонанд ва дар истифодаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҳампои замона шуда наметавонанд. Дарвоқеъ, имрӯз соҳаи маориф ва илми мамлакат аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст. Бояд сари ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, мақомдорон ва кормандони соҳаи маориф тадбир андешанд.

Бунёди мактабҳо ва биноҳои иловагӣ самти дигари суханронии Пешвои миллат буд. Яъне мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем,- иброз доштанд Сарвари давлат. Вобаста ба ин, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бинои нави таълимӣ бунёд гардид, ки дар маросими тантанавӣ чун армуғони идона ба донишҷӯён тақдим мегардад. Он бо тамоми шароити муосир таъмин буда, бо таҷҳизоти навтарини таълим муҷаҳҳаз гардидааст.

Беҳтар намудани сифати таҳсил, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин таъминот бо имконияти таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аз омилҳои мубрами пешрафти низоми маориф дониста шуд. Чунин нуктаҳои меҳварии суханронии Президенти Тоҷикистон моро ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва тақвияти пайвастаи афкори зеҳнии худ водор менамоянд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ имкон хоҳанд дод, ки ояндаи наздик садҳо истеъдодҳои тоза дар саҳнаи таълиму тарбия падид омада, нуфузи маорифи мамлакатро дар арсаи ҷаҳон боло бардоранд.

Бояд гуфт, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду нафар аз донишгоҳ соҳиби ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.

Сарвари давлат бо дилсӯзии падарона ба ҳар фарди бедордили миллат муроҷиат намуда, гуфтанд, ки мо бояд фарзандонамонро, чӣ писару чӣ духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем. Фикр мекунам, ин суханони аз сидқи дил гуфтаи Пешвои миллат бояд чун чароғи роҳнамо ҷодаи рӯзгори ҳамагонро равшанӣ бахшанд, шахсонеро, ки заррае меҳри Ватан дар замирашон ҷӯш мезанад, худшиносу худогоҳ ҳастанд, ба қадри ин сарзамини аҷдодӣ мерасанд, барои илму донишандӯзии фарзандонашон, пеш аз ҳама, духтаронашон бояд садди роҳ нагарданд. Чунки инсони боақл ва соҳибҳунару боилм рӯзгори худро таъмин карда метавонад, фарзандони солим тарбия менамояд, аз ақидаҳои ифротӣ ва доми созмонҳои ифротиву террористӣ худро дар канор мегирад ва ба ҷомеа агар нафъ расонида натавонад, ақаллан зарар намерасонад.

Таъкиди ҳадафмандонаи Сарвари давлат маҳз ба ҳамин мазмун аст.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 2, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО. Оид ба он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад»
Дар 5 соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зарур аст
Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис меёбад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд»
Донишҷӯёни тоҷик дар Русия дар ҷаласаи шурои маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд» иштирок намуданд
Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?