Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои «Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 5, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.

Ҳуҷраҳо ва биноҳои ёрирасони иншоот бо таҷҳизот ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз мебошад. Бинои меҳмонхона дорои системаи гармидиҳии алоҳида мебошад.

Бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва Исмоил Садиров бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Масоҳати замини меҳмонхона 10 000 метри мураббаъро ташкил дода, ба макони хуби истироҳату фароғати ҷавонони болаёқат табдил ёфтааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 бинокор аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.

Зимни шиносоӣ бо бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда барои ҷавонону наврасони лаёқатманд баҳои баланд доданд.

Дар истироҳатгоҳ хонандагони болаёқат имкон доранд, ки дар баробари истироҳату фароғат ба машғулиятҳои гуногун бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба машғул шаванд.

Дар майдони васеъи назди иншоот панҷ фаввора ва ду суҳбаткада бунёд гардида, ҳавлӣ бо роҳравҳои замонавӣ ва муҳити сабзу хуррам оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар атрофи бино зиёда аз 120 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст. Рӯ ба рӯи бино нуқтаи фароғат барои 40 нафар бунёд карда шудааст.

Ҳангоми суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро ба истифодаи самараноки иншоот ва ҷалби ҷавонону наврасони лаёқатманди кишвар ва дастгирию ҳавасмангардонии онҳо ҳидоят намуданд.

Насби чароғҳои замонавии равшанидиҳандаи иншооти мазкур дар шабонгаҳ симои бинои навро куллан тағйир дода, ин ҷоро зебою назаррабо менамояд.

“Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон”, ки барои ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, туҳфаи арзанда барои насли ояндасози миллат номида шуд.

Дар толори истироҳатгоҳи лаёқатмандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ наврасону ҷавонони лаёқатманди кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи маркази муосири фароғатиро боз як ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ояндасози кишвар арзёбӣ намуданд.

Президенти кишвар вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, дастгирии ин бахш, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия, дастрасии хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва таъмини ташаккули ҷаҳонбинии онҳо андешаронӣ намуданд.

Дар  вохӯрӣ наврасону ҷавонон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо, таъмини шароити беҳтарини илмомӯзӣ ва ғамхории падарона изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар фароварди мулоқот ба 50 нафар ҷавони хуштолеъ туҳфаҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Ифтитоҳи “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон” Ховалинг 05.09.2024

Сентябрь 5, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон