Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 19, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара ба фаъолияти Муассисаи таълимии томактабии №8 ба номи “Хушбахт” расман оғоз бахшиданд.

Иншоот дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд карда шудааст.

Бинои боғча бо тарҳи миллию муосир сохта шуда, дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов нахустин муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад.

Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, раванди таълим дар он бо ҷалби 10 нафар мураббияи соҳибтахассус бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳуҷраҳои истироҳат ва машғулияти тарбиятгирандагон бо рахти хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун мутобиқ ба шавқу завқи дунёи рангини кӯдакон муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Саҳни биноро гулҳои ороишӣ зиннат дода, арғунчак ва дигар воситаҳои истироҳативу фароғатии пешбинишуда барои дӯстрӯякон ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар боғча барои дар деҳот муҳайё  намудани чунин имконот ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки вусъати чунин амалҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишвар Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 –2027 тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин барнома бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии №8 дар ноҳияи Данғара 19.09.2024

Сентябрь 19, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд