Пешвои миллат: «Тамоми имконияту захираҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат сафарбар карда шуданд»
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат сафарбар карда шуданд. Чунин иброз доштанд Президенти мамлакат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доштанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади идома додани ин раванд Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.
АКС аз бойгонӣ








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид






