Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд

Сентябрь 27, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз Неругоҳи обии “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.

Корҳо дар деворҳои болоии иншооти мазкур, аз қабили таркишию хокбарорӣ ва сементрезию мустаҳкамгардонӣ инчунин дохили нақбҳои обгузар аз тарафи мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин замон иҷрои корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар ин нақбҳо ба анҷом расонида шуда, иҷрои корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунӣ идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои то имрӯз анҷомёфта, баҳои баланд дода, масъулонро босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳо ҳидоят намуданд.

Дар ин қитъа корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби коргарон ва мутахассисон, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, бо сифати баланд идома дошта, марҳила ба марҳила ба сатҳи ниҳоӣ наздик мешаванд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки нақбҳои болоии обгузари № 3 ва №4 пурра канда, бо рӯйпӯши муваққатӣ мустаҳкам карда шуда ва сементрезию мустаҳкамсозии ниҳоии он дар ҳаҷми мтаносибан 30 ва 20 фоиз анҷом дода шудааст.

Мутахассисону коргарон бо дилгармӣ дар иншооти мазкур пайи меҳнати созанда буда, талош менамоянд то корҳои ба уҳдадоштаашонро бо сифати баланд ва дар вақтҳои муқараргардида, анҷом диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳаётан муҳим будани бунёди Нергоҳи обии “Роғун” дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол кормандонро ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти босифат дар ин иншооти аср ҳидоят намуданд.

Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар обқабулкунандаҳои доимии сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр дидан намуданд.

Тавре гуфта шуд, сифати корҳо дар ин қитъа ҷавобгӯи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шуруъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву лангарбандии сақфу деворҳо ва дигар корҳо бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда мешаванд.

Афзоиш додани истеҳсоли барқ барои таъмини рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба он аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Бо бунёди ин неругоҳи бузург дар баробари аз байн рафтани норасоии неруи барқ инчунин рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум, заминаи устувор фароҳам мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо раванди корҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи бунёдгарони иншооти муҳимми аср дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳо хеле пеш рафтаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” тибқи нақша бо сатҳу сифати баланд идома дошта, бунёдгузорони ин кохи нур ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, то дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни кор дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунандаи доимӣ, ки дар баландиии 1290 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, мушоҳида намуданд.

Дар ин ҷо ҳамчунин ба Пешвои миллат корҳои бетонхобонӣ дар ин шахтаҳо, ки тавассути дастгоҳи махсус ба роҳ монда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар шахтаҳои амудӣ корҳо босуръат ҷараён дошта, дар сохтмон маҳсулоти босифат истифода мешавад.

Мавриди таъкид аст, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” идома дошта, мутахассисону кормандон барои саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Ватани соҳибистиқлол ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стартегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Истиқлоли энергетикӣ дилгармона талош менамоянд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он дар Неругоҳи обии “Роғун” 27.09.2024

Сентябрь 27, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия