Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзон боздид намуданд

Сентябрь 28, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Файзобод шаҳодат медиҳад.

Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки иқлими ноҳия барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот хеле мусоид мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳо, инчунин ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Файзобод дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили дилхоҳ ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба даст омадаанд, ба таври васеъ ба намоиш гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд ба давраи то 1 августи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Файзобод зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумла анвои гуногуни нон, аз ҷумла фатир ва кулча муаррифӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва деҳқонони ризқофар барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.
Боздид аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Файзобод 28.09.2024

Сентябрь 28, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026