РӮЗИ КИТОБ. Пагоҳ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз доир мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб 4-5 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин рӯз роҳбаладон аъзои китобхона ва меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.
Дар ин рӯз сокинони шаҳри Душанбе, омӯзгорону хонандагони литсею мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва меҳмонони хориҷӣ метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёянд.
Инчунин кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд. Инчунин онҳоро бо намудҳои хизматрасонии ройгону шартномавии китобхона шинос менамоянд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






