«ШАҲРИ ДУШАНБЕ — АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ». Дар ин намоиш 100 ашёи осорхонавӣ ба тамошо гузошта шудааст

Сентябрь 25, 2024 17:06

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоиш таҳти унвони «Шаҳри Душанбе-аз дирӯз то имрӯз», ки аз ҷониби Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ гардид, беш аз 100 ашёи осорхонавӣ ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Шаҳри Душанбе — аз дирӯз то имрӯз» дар доираи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024), ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт,  ташкил гардид.

Дар намоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Камолиддин Муминзод ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе бо осори нодири таърихию фарҳангӣ, ки инъикосгари таърихи дирӯз ва имрӯзи шаҳри Душанбе мебошанд, аз наздик шинос гардиданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ беш аз 100 ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки  таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.

Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд,  «пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст». Воқеан, шаҳри Душанбе аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб мешуд. Ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл аз ин одамон ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомат қарор дода буданд.

Дар намоиш ашёи таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносии ба тозагӣ кашфнамудаи бостоншиносони Осорхонаи миллӣ ва сиккаҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар мавсими бостоншиносии соли 2023 аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе, дар самти шимоли маҳаллаи Маърифатӣ мавзеи бостонии Тахти Шоҳӣ муайян ва кашф гардид. Дар ин ҷо теъдоди зиёди боқимондаҳои зарфҳои хоҷагидорӣ, деворҳои иншоот ва оташдонро кашф намуданд, ки далели давоми асрҳои биринҷ мавзеи зисти доимии ниёгони мо будани ин мавзеъ мебошад.

Дар қисмати дигари намоиш мусаввараҳои дар даврони истиқлол офаридаи рассомони машҳури ҷумҳурӣ ва ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод шудаанд, ки зебоӣ ва давраҳои рушди шаҳри Душанберо инъикос намудаанд.

Солҳои охир дар шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ босуръат идома дорад. Лоиҳаҳои ангоравии иморатсозӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қисмати дигари намоишро ташкил медиҳанд, ки тавассути ашёи осорхонавӣ инъикос ёфтаанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид