Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад

Сентябрь 19, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

14 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Дар ҷаласаи шуро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки қаблан бо номи Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруф буд, 26 майи соли 1995 таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таъсиси ин шуро аъзои он мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои гуногун доир мешаванд. Тоҷикистон соли 2019 мизбони ин шуро гардида буд.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд