СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо доираи васеи сокинону фаъолон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат, дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам гардидааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардиданд.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.
«Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад»,-иброз намуд ӯ.
Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад».
Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун равона гардидааст.
Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






