ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 6, 2024 08:00

6 сентябри соли 1999 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.

***

Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.

***

15 сол пеш, 6 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии  Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

***

6 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорати тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени  «Шараф» ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонида шуд.

***

6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Сафорат ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин айвони миллӣ насб шуд. Айвон бо санъати баланд аз чӯб кандакорӣ шуда, ба ҳайси гӯшаи зиндаи санъати миллӣ таърихи куҳан ва ҳунари волои мардуми тоҷикро дар ин кишвари Аврупо муаррифӣ менамояд.

***

6 сентябри соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки якчанд минтақаҳои сайёра дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба хушксолии шадид дучор шуданд, ки хисороти он 13,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» доир гардид.

6 СЕНТЯБР:

Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.

***

Дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Сентябрь 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст