Тавсеаи тафаккури миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ омили асосии нигоҳ доштани давлати миллӣ мебошад

Сентябрь 9, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол на танҳо соҳибихтиёриву озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки раҳоӣ аз сукути андешаи мустақил мебошад. Яъне истиқлоли фикрӣ аст, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ аз он сахт вобаста аст. Истиқлоли фикрӣ пояи ягонаи матонату мустаҳкамии ватану миллат ва масъалаи меҳварии давлати миллӣ буда, решаву шохаҳои зиёде дорад ва фақат дар сурати ба эътибор гирифтани тарҳи дурусти ташаккули тафаккури миллӣ (менталитет) дар шаҳрвандон ба истиқлолу пешрафту манофеи миллӣ хизмат менамояд»,- чунин навиштааст дар мақолаи худ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Фарангис Шарифзода.

— Тафаккури солими миллӣ дар инсон ангеза ва заминасози меҳру муҳаббат ба ватан, забону фарҳанг, гузаштаи таърихӣ, майл ба истиқлоли сиёсӣ, амнияти миллат ва ҳифзи шаъну эътибори он мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки барои аз байн бурдани як миллат кофӣ аст тафаккури миллии он зери бори таъзиқ қарор гирад. Истиқлоли миллӣ соли 1991 боис шуд, ки мамлакати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон падид ояд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шавад. Агар мушкили марзиву ҳудудӣ як тарафи мушкилоти давлати тозабунёд бошад, мушкили дигар зуҳуроти манфии замони тосоҳибистиқлолӣ оид ба бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ буд.

Вақте як ходими сиёсию маъмурӣ ё илмию адабии тоҷик аз заминаи тафаккуру фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Дар воқеъ бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ яке аз падидаҳои манфии замони собиқ мебошад. Дар он замон сиёсатмадорону маъмурон аз суннатҳои фарҳангии халқи худ ҷудо монданд ва ягона чизе, ки онҳоро бо мардум мепайваст, риояи баъзе аносири русуму одоби мардумӣ буд, вале онро ҳам пурра ба ҷой намеоварданд.

Хушбахтона, истиқлоли миллие, ки насиби мо, тоҷикистониён гаштааст, боиси парвариш ёфтани тафаккури миллӣ дар афроди ҷомеа мебошад, ки аз ташаккули ҳувияти миллӣ дар инсон маншаъ мегирад. Унсурҳои ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму ойин, тафаккури миллӣ, хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонӣ маншаъ мегирад. Тафаккури миллӣ аз таҷрибаву андӯхтани донишҳо, муҳиту фарҳанги миллӣ, расму анъанот ва дину ойин дар инсон шакл мегирад.

Фарҳанг мафҳуми густардае аст, ки аз забон, адабиёт, ҳунар, илм, офаринишҳо, фалсафа ва дин, боварҳо, арзишҳо, рафторҳои хоси мардумони он, одобу русуми иҷтимоӣ ва суннатҳо иборат аст. Фарҳанг ҳама вақт реша дар аъмоқи суннатҳои миллӣ дорад. Барои доштани тафаккури солими миллӣ афроди ҷомеаро зарур аст чунин аркони фарҳанги миллиро омӯхта ва аз бар карда бошанд:

1) забони тоҷикиро ба ҳадди аъло донанд, меъёрҳои забони адабиро дар гуфтору навиштор риоя кунанд ва забонро поку беолоиш нигоҳ доранд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо перомуни покизагии забон гуфтаанд: «Зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем»;

2) адабиёти ҳазорсолаи адабии тоҷикиро мутолиа карда, аз он андӯхтаҳое дар зеҳну тафаккуру захоири дониш дошта бошанд. Дар китобхонаҳои ҷаҳон имрӯз қариб 120 ҳазор нусха китоби дастнависи форсӣ мавҷуд аст, ки тақрибан 35 ҳазор номгӯй китобро ба шумор меоранд ва мутолиаи онҳо барои ҳар тоҷики боору номусу бедордил фарз аст;

3) аз илмҳои бунёдӣ ва муосир баҳравар бошанд, зеро танҳо шахси бофазлу дониш метавонад ба ҷомеа хидмати дурусту бедареғ кунад, аз ин рӯ бузургони мо илму донишро дар ҳама давру замон ситоиш кардаанд: «Дониш андар дил чароғи равшан аст» (Рӯдакӣ); «Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст» (Носири Хусрав), «Дониш талабу бузургӣ омӯз… » (Ганҷавӣ);

4) аз суннатҳову боварҳои мардуми тоҷик огоҳии хуб дошта, ба онҳо арҷ гузоранд, зеро онҳо маҷмуаи афкори мардуманд, ки давоми қарнҳо омада, зиндагиро маъно мебахшанд;

5) дониши диниву мазҳабӣ дошта бошанд, зеро дину ойин «башариятро ба аносири мовароуттабиӣ, мовароӣ ва маънавӣ пайванд месозад» ва омӯзишу доштани дониши динӣ боиси риояи дурусти фароизи он ва ахлоқи хуб мешавад.

Дин барои осон кардани ҳаёту мамоти инсон аст. Бинобар ин, бояд ислом асоси русуму одоб ва тамомияти кирдори одамӣ бошад. Аммо динро ҳамчун силоҳи сиёсат истифода кардан на фақат пояи инсоф, балки асоси диёнатро хароб мекунад. Ҳар гоҳ дар саҳнаи таърих аз ин вазифаи муқаддаси дину мазҳаб касе суиистеъмол карда бошад, ҷабру ситами бадномиоваре ба номи худ содир кардааст. Бино бар ин, ҷомеаи мусалмонии мо бояд сурату маънои демократӣ дошта бошад.

Ҷомеаи мо ниёз ба шахсиятҳои миллие дорад, ки фидокору бетамаъ ва дар роҳи манфиату саодати халқи худ хизмат расонад, аммо вақте ки илму фарҳанг мояи ифтихори шахсияти шинохта нест, чӣ ҷои сухан аз мақоми тафаккури миллӣ аст?

Дар маҷмуъ тамоми унсурҳои фарҳанги миллӣ боиси дар инсон парвариш ёфтани тафаккури миллӣ аст, ки тамомияти комили ҷомеа, сулҳу субот дар мамлакат, ваҳдату якпорчагӣ ва андешаи солиму бедор ва ҳамбастагиву ҳамдилиро дар аъзои ҷомеаи Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ҳоло пурсиш ин аст, ки то куҷо афроди ҷомеа аз унсурҳои фарҳангӣ бархурдоранд ва оё дараҷаи донишу андӯхтаҳои онҳо аз аносири фарҳанги миллӣ дар ташаккули тафаккури миллии онҳо нақш бозидаанд. Агар тафаккури миллӣ дар шакли бояду зарурӣ дар афроди ҷомеа парвариш наёфта бошад, пас вазъи хатарзоеро бар появу бунёди давлати миллӣ ба бор меорад.

Мутаассифона, имрӯз ҷараёни номатлуб ва басе нороҳаткунандаю нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд, ки далели заъфу нотавонии фикрӣ аст. Имрӯз бо таассуф ақибмондагии фикрӣ дар кулли ҷомеа эҳсос мегардад. Дар сифати сухану гуфтори мардуми кӯчаву бозор ва муассисаву корхонаҳо фарқе намондааст.

Тафаккури миллии мо аз забон, маънавият, руҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни беш аз ҳазорсолаамон ва давлати мустақили миллиамон бояд нигоҳ дошт. Рукнҳои асосии мафкуравию фарҳангӣ ва урфии миллӣ, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, ки барои пойдории асолат зарур ҳастанд, бояд мавриди эътибор қарор ёфта бошанд. Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ишора намуда буданд: «Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо назардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд».

Имрӯз дар ҷаҳони басе ҳассосу ноором ҳодисаву воқеаҳои ғайриинтизор пешорӯи инсонҳо рух медиҳанд ва инро бояд донист, ки танҳо тафаккури солиму устувори миллии афроди ҷомеа метавонад аз ин гуна хатарҳо Тоҷикистонро эмин нигаҳ дорад. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикистониёнро аз шикасту бенавоӣ танҳо ва танҳо давлати Тоҷикистон нигоҳ дошта метавонад. Аз ин рӯ, дар байни гирудорҳои ҷаҳони имрӯз тоҷикон бояд ғаразҳоро як сӯ гузошта, давлати миллии худро бо дасту дандон бидоранд.

Барои побарҷой мондани ин марзу бум бояст аз фарҳанги миллӣ, ки аз зербиноҳои давлати миллӣ ва сайқалдиҳандаи тафаккури миллӣ аст, дифоъ кунем ва нагузорем, ки тафаккури миллӣ коста гардад ва дучори нузули сатҳи фикрӣ шавем.

Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ба истифодаи самараноки замин мусоидат намуданд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР. Истиқлолияти давлатӣ ба рушди босуботи иқтисодиёт замина мегузорад
Пешвои миллат: «Тамоми имконияту захираҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат сафарбар карда шуданд»
Дар Коллеҷи техникии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар ноҳияи Деваштич якчанд иншоот ба истифода дода шуд
Пешвои миллат барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт миннатдорӣ баён намуданд
Дар ноҳияи Панҷ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА 33 СОЛИ МУЗАФАРРИЯТИ МИЛЛАТ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Андешаҳои Раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба ятимони кул туҳфаҳо тақдим намуданд ва ба эҳтиёҷмандон калидҳои манзилҳои истиқоматӣ супориданд
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДАРК ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР. Мулоҳизаҳои директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода