Вазирони нақлиёти Тоҷикистон, Чин ва Покистон дар Пекин масоили соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти Чин Ли Сяопен, вазири федералии коммуникатсияи Покистон Абдул Алим Хон ва Директори департаменти нақлиёт ЭСКАТО Веймин Рен мулоқот намуда, масълаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти комиссияҳои корӣ, лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, дастрас намудани рухсатномаҳо барои боркашонии байналмилалӣ ва бунёди нуқтаҳои хизматрасонии тахникии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Яке аз натиҷаҳои назарраси Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин – қабули Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили механизми мулоқоти вазирони нақлиёти «Чин – Осиёи Марказӣ» буд. Он барои талошҳои оянда дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, рушди логистика ва таъмини ҳаракати самараноки молҳо ва одамон дар минтақа асос мегардад.
Соли 2023 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор эълон кардани 26 сентябр, баргузории Даҳсолаи нақлиёти устувори Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Конфронси сеюми ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор қатъномаҳои муҳим қабул намуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст






