Вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд

Сентябрь 19, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 19.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ» бо иштироки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва Идораи патентии авруосиёӣ машғулият баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Дар машғулият ихтироъкорон ва навоварони мамлакат, аспирантон, олимони ҷавон ва унвонҷӯён иштирок карда, бо коршиносони хориҷӣ вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Масъулин ҳадафи баргузории машғулиятро иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабинии «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани маълумотнокии ихтироъкорон ва навоварони мамлакат аз манбаъҳои рақамӣ, махсусан патентҳои ҳифзгардидаи кишварҳои пешрафта ва мавҷудияти низоми содаи бақайдгирии ихтироот дар хориҷи мамлакат унвон карданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Сентябрь 19, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд