«ЗИ ДОНИШ ШАВАД КОРИ ГЕТӢ БА СОЗ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри имсол дар ҳошияи паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ.
Зимни он муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода табрикоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи устодону донишҷӯён расонида, гуфт, ки «Пешвои миллат маҳз маориф ва илмро дар мақоми аввал гузошта, ба тамоми донишҷӯёну хонандагон муроҷиат намуданд, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд».
Ба андешаи Сарвари давлат, барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсил, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин таъминот бо имконияти таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин шудааст ва барои қабули донишҷӯён ҳамаҷониба омода мебошад.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, барои бозори меҳнат мутахассисони касбӣ ва рақобатпазир омода менамояд. Он инчунин дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон









ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид






