Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонон барои рушди Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон иштирок намуд

Октябрь 31, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми ҷавонон барои рушди Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи форум масъалаҳои мубрам дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, амалӣ намудани табодули таҷриба байни сохторҳои кор бо ҷавонони давлатҳо бо мақсади татбиқи ҳадафноки сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва чораҳои муассир барои пешгирии терроризму экстремизм байни ҷавонон баррасӣ шуданд.

Инчунин фароҳам овардани шароит бобати таъмини ҷойи кор ва таҳсили сифатнок барои ҷавонон матраҳ гардид.

Дар доираи форум чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд