Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар доираи Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё вохӯрии кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад Ал Зиёдӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Завқӣ Завқизода аз ҳамтои худ даъват кард, ки барои ҷалби сармояи Аморати Муттаҳидаи Араб ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, зеҳни сунъӣ ва сохтмони инфрасохтори логистикию сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ҳарчанд ҳаҷми гардиши савдои хориҷии дуҷониба 84 фоиз ва дар ҳашт моҳи соли 2024 1,1 фоиз афзоиш ёфтааст, вале имконияти истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд аст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






