Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Октябрь 26, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон Норберт Фибиг вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Дар мулоқот вобаста ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор маълумот дода шуд.

Ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои зиёд намудани шумораи гардишгарон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бо  фарҳанг, таърих, урфу одат, забон, табиат ва хӯрокҳои миллии худ фарқкунанда буда, барои сайёҳон макони ҷолиби диққат ва таваҷҷуҳи хос аст.

Роҳбарони ширкатҳои ватанӣ зимни вохӯрӣ фаъолият ва хизматрасониҳояшонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои олмонӣ ва ватанӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд