Бо фаъолзанони ноҳияи Рашт мулоқоти судманд доир гардид
РАШТ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо фаъолони ноҳияи Рашт доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ ва дар зеҳну шуури фарзандон талқин намудани меросу суннати гузаштагон ягон қуввае дигаре бештар аз занону модарон саҳм гузошта наметавонад.
Иштирокчиёни вохӯрии судманд даъват шуданд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳм гузоранд.
Таъкид гардид, ки ҳар зан-духтари тоҷик бояд ба рукнҳои муқаддаси миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон ба назар мерасад, саҳм гузорад.
Дар анҷоми ҳамоиш занони фаъоли ноҳияи Рашт бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






