Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Уйғур /шимолу ғарб/-и Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма оғоз ёфта, идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок дорад.
Инчунин дар саммит зиёда аз 500 намоянда аз 208 расонаи иттилоотии пешрафта, идораҳои ҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои 106 давлат ва минтақаҳои ҷаҳон, инчунин муассисаҳои назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд.
Ташкилкунандагони саммит Агентии иттилоотии «Синхуа» ва ҳукумати халқии Ноҳияи худмухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд
Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд






