Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» ва намоишгоҳи «Бохтар Фуд» байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорону сармоягузорон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад. Дар ин хусус 12 октябр зимни ҷаласаи ситоди корӣ оид ба ин форум иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷараёни форум намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят низ муаррифӣ мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дош, ки Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» ва намоишгоҳи «Бохтар Фуд» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Ҳадафи форум баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






